Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд
(last modified Sun, 12 Nov 2023 12:33:43 GMT )
Ноябр 12, 2023 17:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷоссир, раиси Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дидору гуфтугӯ кард.

11 ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷоссир, раиси Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дидору гуфтугӯ кард.

Қаноатмандии ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд таъкид гардида, саҳми Бонк дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои муҳимро татбиқ намудааст, ки маблағи умумии онҳо 726 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкорию сармоягузории бонкро дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, иштирок дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикстон тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ, татбиқи лоиҳаи барномаҳои таҳсилоти касбӣ ва техникӣ дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушдро барои солҳои 2023-2026 мавриди баррасӣ қарор доданд.