Ноябр 18, 2023 12:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши таваллуди навзодони норас дар Тоҷикистон

Дар соли 2022 беш аз 11 ҳазор навзоди норас дар Тоҷикистон ба дунё омаданд, ки беш аз 1000 нафар аз онҳо - бо вазни бисёр кам - ҷони худро аз даст доданд.

Ба гуфтаи Абдулғанӣ Юнусов, мутахассиси навзодони Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар соли гузашта 253 ҳазору 930 кӯдак мутаваллид шуда; андаке аз ин теъдод 11 ҳазору 736 навзод норас будаанд, ки ин рақам 4.5 дарсад аз кулли навзодон аст.

Юнусов хотирнишон кард, ки теъдоди навзодоне, ки норас ба дунё меоянд дар саросари ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст ва осебпазиртарин навзодон онҳое ҳастанд, ки бо вазни 500 то 1000 гарм мутаваллид мешаванд.

 Юнусов ҳамчунин афзуд, ки бо фановариҳо ва равишҳои ҷадид навзодон бо вазни беш аз 500 гарм ва қади 26 сантиметр бахти зинда монданро доранд.

Вай афзуд :Паёмадҳои манфии асле, ки дар навзодони норас рух медиҳад фалаҷи мағзӣ, ихтилоли шинохтӣ, ихтилоли биноӣ ва шунавоӣ аст.

 

Барчасп