Касби медоли тиллои мусобиқоти байналмилалии ҷудо дар Боку тавассути ҷудокорони тоҷикистонӣ
Ҷудукорони тоҷикистонӣ дар мусобиқоти байналмилалии инфирод ҷоми Рауф Аруҷов байни ҷавонони зери 21 сол ки дар Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд семедал 1 тилло 1 нуқра ва 1 биринҷи касб карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин мусобиқот бо ҳузури 100 варзишкор аз 48 бошгоҳи 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.
Бар асоси эъломи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон даҳ нафар дар ин мусобиқоти байналмилали ширкат карданд.
Аз байни ҷудокорони тоҷик ба се нафар Сомон Кишваров медоли тилло Илҳомиддин Ҷаборов медоли нуқра ва Бинёмин Назаров медоли биринҷи эҳдо шуд.
Ҳамчунин тими Тоҷикистони пас аз Озарбойҷон дар имтиёзи кулли ҳам дар байни бошгоҳҳо ва ҳам дар байни кишварҳо мақоми дувумро ба худ ихтисос дод.