Пардохти 319 миллион сомонӣ андоз аз сӯи мардуми Тоҷикистон
(last modified Tue, 21 Nov 2023 07:27:15 GMT )
Ноябр 21, 2023 12:27 Asia/Dushanbe
  • Пардохти 319 миллион сомонӣ андоз аз сӯи мардуми Тоҷикистон

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ки то аввали августи 319 миллион сомонӣ андоз ба сурати нақдӣ пардохт шудааст.

 Бар асоси эъломи Кумитаи андози Тоҷикистон,  ҳамчунин аз аввал август то аввали октябри 844 ҳазору 300 маврид андоз ва аворизи ғайрнақдӣ ба маблағи 319 миллион сомонӣ пардохт шудааст.

 Кумитаи андоз  бо 19 созмони эътибории молӣ мувофиқатнома «дар хусуси пазириши ғайрнақдии  андоз ва дигар пардохтҳои иҷборӣ» имзо кардааст.

 Ин кумита хотирнишон кард, ки акнун пардохти андоз дар барномаҳои телефонии ҳамроҳи банкҳо имконпазир шудааст.