Дидор ва гуфтугӯи раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо раисиҷумҳӯри Беларусия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Александр Лукашенко, раисиҷумҳӯри Ҷумҳури Беларусия дидор ва гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар чорчӯби сафари кории худ ба Ҷумҳурии Беларусия, бо Александр Лукашенко, раисиҷумҳӯри ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор сарони ду кишвар дар мавриди вазъияти мавҷӯд ва чашмандоз тавсеаи равобити байни Тоҷикистон ва Беларусия дар ҳавзаҳои мавриди алоқа баҳсу табодул назар карданд.
Тарафайн бар аҳамияти тавсеаи равобити фарҳангӣ ва башардӯстона аз ҷумлаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи илмӣ ва омӯзиш таъкид карданд.
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти навбатии Шӯрои амнияти ҷамъии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба Ҷумҳурии Беларӯуия сафар кардааст .