Ноябр 25, 2023 13:05 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 50 саҳмияи квотаи таҳсилӣ ба донишҷуёни тоҷик аз сӯи Русатом

Русатом 50 саҳмияи идомаи таҳсил ба довталабони тоҷик дар яке аз донишгоҳҳои Москва ихтисос медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс,ин мавзӯъ дар дидор Гулнора Ҳасанзода, вазири кори Тоҷикистон ва Геннадий Сахаров, мудири департаменти сармоягузориҳо, контроли сохту сози давлатӣ ва тахассуси давлатии ширкати Русатоми Русия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 Тарафҳо дар ин мулоқот тавофуқ карданд, ки саҳмияҳо илова бар таҳсил дар донишгоҳ, ба донишҷуёни Тоҷикистон фурсати гузарондани давраи таҷрубаомӯзӣ пас аз фориғуттаҳсилӣ ва ҳамчунин ёфтани ҷои кор дар ширкати Русатомро бидеҳад.

 Тарафҳо ҳамчунин дар мавриди ташдиди ҳамкорӣ дар заминаи истихдоми созмонёфта, аз ҷумла раванди интихоб шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар Русатом гуфтугӯ карданд.

 Дар поёни музокирот тарафҳо санади ҳамкорӣ имзо карданд.

 

Барчасп