Ноябр 27, 2023 18:45 Asia/Dushanbe
  • Лиги қаҳрамонҳои Осиё 2023-2024 Истиқлол имруз дар Давҳа бо Алдуҳайли Қатар бози хоҳад кард
    Лиги қаҳрамонҳои Осиё 2023-2024 Истиқлол имруз дар Давҳа бо Алдуҳайли Қатар бози хоҳад кард

Бошгоҳи футбол Истиқлол қаҳрамони футболи Тоҷикистон панҷумин бозии худро дар марҳалаи гуруҳи "Е" лиги қаҳрамонони Осиё фасли 2023-2024 дар гуруҳ "E" дар Давҳа баргузор хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳарифи Истиқлол бошгоҳи Алдуҳайл қаҳрамон Қатар хоҳад буд. Ин дидор дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа дар Давҳа ва аз соъати 19:00 ба вақти маҳаллӣ 21:00 ба вақти Душанбе оғоз хоҳад шуд.

Тимҳои Алнасри Арабистон ва Персполиси Эрони низ дар чорчуби як бози аз дидорҳои ҳафтаи панҷуми марҳалаи гуруҳии лиги қаҳрамонони Осиё ба масоф ҳам хоҳанд рафт.

Гуфтани аст бозии Персполис ва Алнаср аз соъати 21:30 баргузор мешавад.

Барчасп