Ноябр 28, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Канор рафтани Истиқлоли Тоҷикистон аз мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои Осиё

Дар ҳафтаи панҷуми Лигаи қаҳрамонони Осиё Аддуҳайли Қатар муқобили Истиқлоли Тоҷикистон ба пирӯзӣ расид.

Бо ин натиҷа Истиқлоли Тоҷикистон бахте барои роҳёбӣ ба даври баъдӣ аз гуруҳи худ надорад.
Аз ҳафтаи панҷуми рақобатҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё Аддуҳайл мизбони Истиқлоли Тоҷикистон буд ва бо 2 гол ба пирӯзӣ расид.
Ҳар 2 голи ин бозиро Алонга дар дақоиқи 47 ва 89 ба самар расонд.
Аддуҳайл бо ин бурд 4 имтиёзӣ шуд ва шансе барои суъӯд ба даври баъд нахоҳад дошт .
Истиқлоли Тоҷикистон ҳам бо 2 имтиёз қаърнишин аст .
 

 

Барчасп