Ноябр 28, 2023 18:49 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Русия ва Тоҷикистон барои тарбияти муаллимон
    Мувофиқати Русия ва Тоҷикистон барои тарбияти муаллимон

Русия ва Тоҷикистон барои тарбияти муаллимон бар асоси марказҳо ва донишгоҳҳои муштарак мувофиқат кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муаллимони забони русӣ, зистшиносӣ, физик ва химия аз Русия ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

Инро Сергий Кравстов, вазири  маорифи Русия эълом кард.

Илова бар ин ин вазоратхона қавл медиҳад, ки китобҳои дарсии забони русиро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад.

Вай дар шабакаи телевизионии "rossiya1" гуфт: Мо тавофуқ кардем, ки муаллимони Тоҷикистонро бар асоси марказҳо ва донишгоҳҳои худ омӯзиш диҳем.

Кравтсов ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд,ки рақобати зиёде барои пазириш дар онҷо вуҷуд дорад

Ин 5 мактаб бо ҳадаф тарвиҷи забон ва фарҳанги русӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Бохтар, Турсунзода ва Кулоб ҳастанд.

Барномаи тадрис дар ин мактабҳо бар асоси стандартҳои русӣ хоҳад буд ва китоб ва васоили омӯзишӣ низ аз Москва ирсол хоҳад шуд.

Барчасп