Пешниҳоди Тоҷикистон барои сабти 12 муҳавватаи бостонӣ дар ЮНЕСКО
Тоҷикистон пешниҳод кард, 12 муҳавватаи бостонӣ дар Хатлон дар феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шавад.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Қалъаи Золи Зард (ноҳияи Данғара, Хатлон), Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (ноҳияи Данғара, Хатлон), Шаҳраки Манзартеппа (ноҳияи Восеъ, Хатлон), Шаҳристони Ҳулбук (ноҳияи Восеъ, Хатлон), Мақбараи Шоҳони Хуттал (ноҳияи Восеъ, Хатлон), Қалъаи Ҳулбук (ноҳияи Восеъ, Хатлон), Шаҳраки Золи Зард (ноҳияи Фархор, Хатлон), Шаҳртеппа (ноҳияи Фархор, Хатлон), Корвон-сарой Тоҳир (ноҳияи Фархор, Хатлон), Хишттеппа (ноҳияи Ховалинг, Хатлон), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш, Хатлон), Шаҳраки Ҳалевард - Кофирқалъа (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Хатлон) аз ҷумлаи маконҳое ҳастан, ки барои сабти ҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод дода шудааст.
Дар сурати аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудани ин номинатсияҳо, ба таври расмӣ ба рӯйхатти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ мешаванд.