Сафари раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
(last modified Thu, 30 Nov 2023 06:15:09 GMT )
Ноябр 30, 2023 11:15 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
    Сафари раисиҷумҳӯри Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯрии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар бисту ҳаштумин Конфронси Созмони Миллал дар мавриди тағирёбии иқлим ба шаҳри Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тавассути раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Дафтари иҷроии раисиҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  соири мақомот бадарға шуданд.

Дар ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон- ро вазири умӯри хориҷа. дастёри раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар умури хориҷа, вузарои энержӣ ва  манобеи об. беҳдошт ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. кишоварзӣ, саноеъ ва  фанновариҳои ҷаддид. раиси Комитаи ҳифзи муҳити зист,  мудири Ожонси манобеи моддии давлатӣ ва  соири мақомот ҳамроҳи мекунанд.

Раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар ҳошияи ин Конфаронс қарор аст бо бархе аз мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ дидор ва гуфтугӯ кунад.