Декабр 01, 2023 18:17 Asia/Dushanbe
  • Баҳси марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон
    Баҳси марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон

Мулоқоти раисони муштараки ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстон баргузор шуд.

Рӯзи 1 декабр мулоқоти Саидмуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, руасои муштараки ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди шиносоӣ ва аломатгузории марзҳои давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарафайн бар лузуми фаъолсозии раванди такмили интиқоли хати марзи давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахшҳои боқимонда таъкид карданд.

Ин дидор дар фазои дӯстиву тафоҳуми мутақобил баргузор шуд.

 

Барчасп