Декабр 02, 2023 19:53 Asia/Dushanbe
  • Дастёбии Тоҷикистону Қирғизистон ба роҳи ҳалҳои муҳим дар мавзӯи таниши марзӣ

Руасои кумитаи амнияти миллии Қирғизистону Тоҷикистон дар дидоре дар шаҳри Бӯстони минтақаи Суғд, дар мавриди роҳи ҳалҳои усӯлӣ барои рафъи танишҳои марзӣ миёни ду кишвар тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар сафари корӣ ба Тоҷикистон бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи Амнияти Миллии ин кишвар дар шаҳри Бӯстони минтақаи Суғд бо мавзӯи делимитатсия ва аломатгузории марзӣ, дидор кард.

Ташиев гуфт, дар пайи ин дидор чандин тасмими асосӣ дар мавриди марзҳои давлатӣ иттихоз шуд ва ҳамчунин, тасмимоте гирифта шуда, ки мунҷар баи ҳалли масаълаи аслӣ дар мавриди марзҳои кишварҳои ду тараф мешавад.

Тибқи гуфтаи Ташиев ҷаласаи баъдӣ дар Ботканд баргузор хоҳад шуд.

Раиси Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон низ дар мавриди ин дидор гуфт, "Пеш аз ҳама, ин ба роҳи Ворух - Хоҷаи Ало дахл дорад. Мо ин масъаларо амалан ҳалшуда мешуморем. Масъалаи дуюм дар бораи иншоотҳое мебошад, ки Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад. Дар ин бора қарори муҳим расидем".

Ҳамчунин, руасои ин кумита коргурӯҳҳои кории ҳайатҳои давлатии ду кишварро мусбат арзёбӣ карда ва ду тараф ба ташдиди кор барои такмили шарҳи гузар аз хати пружаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар бахшҳои боқимонда ишора карданд.

 

Барчасп