Декабр 05, 2023 14:31 Asia/Dushanbe
  • 506 дзюдокор аз 84 кишвар дар мусобиқоти Токио ширкат карданд
    506 дзюдокор аз 84 кишвар дар мусобиқоти Токио ширкат карданд

Варзишкорони Тоҷикистон дар охирин рӯз аз мусобиқоти Tokyo Grand Slam -2023 муваффақ ба касби имтиёз нашуданд ва ин тим бидуни натиҷаи чашмгир Ҷопонро тарк хоҳад кард.

Эмомалӣ Нуралӣ, варзишгари тоҷикистонӣ дар вазни то 66 килограм дар Tokyo Grand Slam -2023 ду ҳарифи худро шикаст дод, вале дар муборзаи сеюм шикаст хӯрд.

Вай дар даври аввал муқобили Комрон Сулаймонов аз Озарбойҷон пирӯз шуд ва дар даври дувум варзишкори қибрисиро шикаст дод. Эмомалӣ дар даври сеюм мағлуби намояндаи Испания - Давид Гарсия шуд.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 килограм), Меҳрзод Суфиев (60 килограм) ва Имомризо Анварзода (100 - килограм) дар даври аввал шикаст хӯрданд.

506 дзюдокор (298 мард, 208 зан) аз 84 кишвар дар мусобиқоти Токио ширкат карданд.

 

Барчасп