Тасмими Тоҷикистон барои тарвиҷи фарҳанги шоҳномахонӣ
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи тарвиҷи шоҳномахонӣ ба ҳамаи шаҳрвандон як ҷилд аз ин асари шоири эронӣ ҳаким Абулқосими Фирдавсиро эҳдо мекунад.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории "Форс", Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи ошноии ҳарчӣ бештари мардуми тоҷик бо таърих, фарҳанг ва тамаддуни ниёкони худ дастур дод то китоби "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар эҳдо шавад.
Эмомалӣ Раҳмон барои таҳаққуқи ин хоста дастури чопи пуртиражи "Шоҳнома"-ро низ содир кардааст.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ҳадафи давлат ҳифзи таъриху мероси илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва тамаддуни тоҷикҳост.
Э. Раҳмон афзуд, бояд ҳарчӣ бештар аз ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронбаҳо ба нафъи ваҳдат, инсиҷом, сарбаландии мардуми худ, саодати меҳани ниёкон ва таҳкими пояҳои давлати миллии ҷадидамон истифода кунем.
Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ (1037 - 950 милодӣ ва 329 – 416 ҳиҷрии қамарӣ) шоири ҳамосасарои форсу тоҷик ва сарояндаи "Шоҳнома" - ҳамосаи миллии Эрон аст. Фирдавсиро бузургтарин сарояндаи порсигӯ донистаанд, ки аз шӯҳрати ҷаҳонӣ бархӯрдор аст.