Дидори сафири Эрон бо вазири адлияи Тоҷикистон
(last modified Thu, 07 Dec 2023 14:05:34 GMT )
Декабр 07, 2023 19:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон бо вазири адлияи Тоҷикистон

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, рӯзи 6 декабр бо Музаффар Ашуриён-вазири адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

 Сафири Эрон дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва динӣ байни Эрон ва Тоҷикистон, вуҷуди тафоҳумномаҳои интиқол маҳкумон, истирдоди муҷримон ва ёриҳои қазоӣ байни ду кишварро нишондиҳандаи равобити хуби дуҷониба дар ҳавзаи қазоӣ тавсиф кард ва иҷрои тафоҳумоти қазоииро зомини афзоиши мизони муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду кишвар донист.

 Ашуриён дар ин мулоқот зимни ибрози ризоят аз ҳамкориҳои ҷорӣ байни ду кишвар, шиносоии зарфиятҳои ҷадид барои густариши равобити дуҷониба дар тамоми ҳавзаҳоро дорои аҳамият донист ва бар идомаи ҳамкориҳои қазоӣ бо Эрон ба манзури баҳрамандии шаҳрвандони ду кишвар аз ин равобити ҳасана, таъкид кард.