Тавофуқи Тоҷикистону Эрон барои ҳамкорӣ дар ҳавзаи балоҳои табиӣ
(last modified Sat, 09 Dec 2023 12:21:33 GMT )
Декабр 09, 2023 17:21 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистону Эрон барои ҳамкорӣ дар ҳавзаи балоҳои табиӣ

Тоҷикистону Эрон тавофуқ карданд, ки ҳамкориҳо дар заминаи муқобила бо балоҳои табииро тақвияту пружаҳои муштарак дар ин заминаро иҷро кунанд.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Довуд Манзур, муовини раиси Созмони барномаи буҷети Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи нишасти Шӯрои ҳуккоми маркази муқобила бо балҳои табиӣ дар Душанбе дар мавриди мавзуоти муртабит бо омӯзишу бозомӯзии коршиносону мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтугӯ карданд.

Тарафайн барои кумак ба Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз балоҳи табиӣ, созмондиҳии давраҳои омӯзишӣ, беҳбуди иттилоот ба мардум дар мавриди шароити изтирорӣ ва ғайра ба тавофуқ расиданд.

Ҳаштумин нишасти гуруҳи коршиносони Шӯрои ҳуккоми маркази муқобила бо балоҳои табиӣ дар Душанбе бо ҳузури намояндагони вазоратхонаҳо ва созмонҳои муртабит бо мудирияти балоҳо аз Ҷумҳурии исломии Эрон, Бангладеш, Ҳинд, Камбоҷа, Макао, Микронезия, Муғулистон, Туркия, Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд.

Намояндагони ин 9 кишвар иттилоот ва таҷрибиёти худро ба иштирок гузоштанд.

Ба гузориши сифорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Довуд Манзур ва Муҳаммадҳасани Номӣ, муовини вазири кишвару раиси Созмони мудирияти буҳрони кишвар ба манзури ширкат дар ҳаштумин нишасти гуруҳи коршиносони Шӯрои ҳуккоми маркази муқобила бо балоҳои табиӣ ба Тоҷикистон рафтаанд.

Раиси созмони барнома ва буҷет, бар зарурати ҳамкории кишварҳои минтақа барои ҷилавгирӣ аз балоҳои табиӣ таъкид кард ва гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи тақвияти ҳамкориҳо ва табодули таҷрибиёт дар ин бахш бо Тоҷикистон аст.