Ҳамкориҳои омӯзишии Русия ва Тоҷикистон
Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ба таври муштарак коркунони илмӣ ва омӯзиширо омӯзиш диҳанд.
Бар ин асос Академияи иқтисоди миллӣ ва мудирияти давлатии Русия ва Академияи миллии улуми Тоҷикистон тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, муовини раиси донишгоҳи Русия, Паулина Нмировченко, ки барои боздид аз Душанбе ба сар мебарад, ин мавзӯъро хабар дод.
Гуфта мешавад ин аввалин тавофуқнома барои таомул бо академияҳои улуми кишварҳои Осиёи марказӣ аст.
Нмировченко ҳадафи ин корро афзоиши ҳамкорӣ бо Академияи мудирияти давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо дигар донишгоҳҳо эълом кард.
Ӯ гуфт : Интизор меравад, ки шумори донишҷуёнро дар барномаҳои омӯзиши олии ҳирфаӣ афзоиш диҳем. Ҳамчунин мутахассисони ҷавон ин фурсатро хоҳанд дошт, ки дар кишвари дигаре давраҳои коромӯзиро анҷом диҳанд.
Академияи иқтисоди миллӣ ва мудирияти давлатии Русия бо 47 шӯъба дар манотиқи мухталиф бузургтарин донишгоҳи Русия аст.