Куштигири маъруфи тоҷикистонӣ як бошгоҳи варзишӣ дар Полша ифтитоҳ кард
(last modified Tue, 19 Dec 2023 07:19:00 GMT )
Декабр 19, 2023 12:19 Asia/Dushanbe
  • Куштигири маъруфи тоҷикистонӣ як бошгоҳи варзишӣ дар Полша ифтитоҳ кард

Юсуф Абдуссаломов, дорандаи медали нуқраи тими Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии 2008 саранҷом ба орзуи деринаи худ ҷомаи амал пӯшонд.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Юсуф Абдуссломов, варзишкори устураиии куштии озод дар Доғистон мутаваллид шуд, аммо барои тими Тоҷикистон ширкат кард.

Ӯ муддати зиёде ба унвони сармурабби тими куштии озоди Полша кор мекард ва хонаводаашро ба Варшава мунтақил кардааст.

 Абдуссаломов гуфт: Тасмим гирифтем дар ниҳоят тарҳеро, ки муддатҳост дар дасти иҷро буд, пиёда ва бошгоҳи худамро ифтитоҳ кунам.

 Вай хотирнишон кард: Ин бошгоҳи варзишӣ бошгоҳи хонаводаи куштӣ ном дорад.

 Дорандаи медали олимпӣ ҳамчунин таъкид кард, ки дигар ба пешниҳоди соир кишварҳо ва тимҳои миллӣ фикр намекунад, чаро, ки мехоҳад дар канори хонаводааш бошад ва дар канори онҳо кор кунад