Декабр 19, 2023 12:34 Asia/Dushanbe
  •   Ҳамкории Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати русӣ

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати русии Рiter ix тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , ҳадафи аслии ин ёддошти тафоҳум  беҳбуди раванди навсозӣ ва ислоҳот дар бахши мухобирот дар Тоҷикистон аст.

 Ин санад заминаи ҳамкории байни ширкатҳои иртибототи сайёри ин кишвар ва ширкати русии Рiter ix-ро эҷод мекунад, ба ин маънӣ, ки ширкатҳои алоқаи сайёри Тоҷикистон метавонанд ба таври ҷудогона бо ин ширкат ҳамкорӣ кунанд.

 Бо иҷроӣ шудани қарордоди имзошуда,системаи тиҷорати электронӣ тавсеа меёбад , дастрасӣ ба интернити паҳнбонд дар саросари Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

 Пеш аз ин низ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тафоҳумномаеро бо ширкати маъруф Москва "Тсифро" дар заминаи амнияти шабака имзо карда буд.Ин тафоҳумнома равобити дуҷониба дар заминаи иртиботот ва фановарии иттилоот ва иртибототро танзим мекунад.

 

 

Барчасп