Вазорати тандурустии Тоҷикистон: Вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон таҳти назорат аст
(last modified Wed, 20 Dec 2023 06:05:08 GMT )
Декабр 20, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Вазорати тандурустии Тоҷикистон: Вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон таҳти назорат аст

Дар Тоҷикистон зарурате ба чораҳои шадиди пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз қабили бастани мактабҳо ва ё дигар муассисаҳо дида намешавад.

Ба навиштаи сомонаи Спуник, Наврӯз Ҷаъфаров сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, танҳо хуруҷи бемориҳои мавсимӣ сабт шудааст.

Ӯ афзуд, монанди соири кишварҳои минтақа, сатҳи бемориҳои танаффусӣ, яъне зуком ва ба зуком монанд ба чашм мерасад.

Ҷаъфаров гуфт: "Хушбахтона зарурати чораҳои шадиди пешгирикунанда, аз қабили бастани мактабҳо ва ё дигар муассисаҳо дида намешавад. Ҳама дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд".

Вай афзуд, озмоишгоҳи вирусологӣ гардиши зукомро тасдиқ кардаанд, ки ин якумин мавҷи беморӣ буда шадидии он то ҳол нигаронкунанда нест.

Ҷаъфаров гуфт, навъи ҷадиде аз вируси корона низ дар кишвар сабт нашудааст.