Сафари ояндаи Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон ба Русия
Декабр 21, 2023 10:50 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои мустақили муштаракалманофеъ, ки дар поёни моҳи декабр дар Русия баргузор мешавад ширкат хоҳад кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ; Эмомалӣ Раҳмон ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои мустақили Муштаракалманофеъ дар 25 то 26 декабр дар Санкт-Петербурги Русия баргузоро мешавад ширкат хоҳад кард .
Раҳбарони кишварҳои мустақили Муштаракалманофеъ масоили ҷориро дар як муҳити ғайрирасми мавриди баҳсу табодули назар қарор хоҳанд дод ва дар мавриди мавзӯъоти мухталифе табодули назар хоҳанд кард .