Декабр 22, 2023 20:43 Asia/Dushanbe
  • Шараф Шерализода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
    Шараф Шерализода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Шараф Шерализода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева бо Рулин, мудири Маркази истиқболи байналмилалии Женева (CAGI) дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор густариши ҳамкорӣ байни сафорат – намояндагии доим ва Маркази истиқболи байналмилалии Женева (CAGI) дар заминаи хадамот ва ҳамчунин кумак ба баргузории рӯйдодҳои фарҳангиву ироаи мушовира ба намояндагиҳои доимӣ дар раванди муносибсозии онҳо дар Женева мавриди баҳс қарор гирифтанд.

 

Барчасп