Охирин радабандии Фифа дар соли 2023: Тоҷикистон дар радаи 106
-
Дар байни намояндагони KFO тими миллии Тоҷикистон дар радаи 19 қарор дорад
Тими миллии Тоҷикистон соли 2023-ро дар радаи 106 –и радабандии Фифа ба поён расонд.
Федератсияи Байналмилалии Футбол (Фифа) дар 21 декабр охирин радабандии тимҳои миллӣ дар соли 2023-ро мунташир кард.
Тими миллии футболи Тоҷикистон бо 1195. 07 имтиёз дар ҷойгоҳи 106 қарор гирифт.
Дар байни намояндагони KFO тими миллии Тоҷикистон дар радаи 19 қарор дорад. Як сол пеш тими миллии Тоҷикистон дар радабандии Фифа дар радаи 108 қарор гирифта буд.
Дар маҷмуъ дар соли гузашта тими миллии футболи Тоҷикистон 9 бозӣ анҷом дод, ки 3 бурд (Сингапур – 2 бар 0, Малайзия – 2 бар 0, Покистон – 6 бар 1) ва чаҳор мусовӣ (Иморот 0 : 0, Туркманистон 1 бар 1, Уммон 1 бар 1 ва Урдун 1 бар 1) дорад ва дар ду бозӣ ҳам (Кувайт 1 бар 2, Узбакистон 1 бар 5) шикаст хӯрдааст.
Радабандии баъдии Фифа дар таърихи 15 феврали 2024 мунташир хоҳад шуд.