Муваффақияти бошгоҳи куштии “Ҳоҷӣ Шариф”-и Тоҷикистон дар рақобатҳои байналмилалӣ
(last modified Fri, 22 Dec 2023 16:02:27 GMT )
Декабр 22, 2023 21:02 Asia/Dushanbe
  • Бошгоҳи куштии “Ҳоҷӣ Шариф” дар мусобиқоти байналмилалии бошгоҳҳои “Jenys Cup 2023” мақоми дувумро касб кард
    Бошгоҳи куштии “Ҳоҷӣ Шариф” дар мусобиқоти байналмилалии бошгоҳҳои “Jenys Cup 2023” мақоми дувумро касб кард

Бошгоҳи куштии “Ҳоҷӣ Шариф” муваффақ ба касби медали нуқраи ҷоми “Jenys Cup 2023” шуд.

Бошгоҳи куштии “Ҳоҷӣ Шариф” дар аввалин давраи мусобиқоти байналмилалӣ байни бошгоҳҳои “Jenys Cup 2023” мақоми дувумро касб кард.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Федератсияи куштии Тоҷикистон, ин мусобиқот 21 декабр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, ки дар вазнҳои 66, 73, 81, 90 ва 90 + килограми 17 бошгоҳ аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Русия, Беларус, Туркия, Испания, Муғулистон ва Фаронса ширкат карданд.

Бошгоҳи куштии “Ҳоҷӣ Шариф” дар финал аз бошгоҳи “Швардний”-и Гурҷистон мағлуб шуд.

Тимҳои Русия ва Қазоқистон ду мақоми сеюмро ба худ ихтисос доданд. Сандуқи ҷоизаи ин мусобиқа 100 ҳазор доллари Амрико буд, ба баранда 30 ҳазор доллари Амрико, мақоми дувум 20 ҳазор доллар ва ба ду мақоми сеюм 10 ҳазордолларӣ эҳдо шуд.

Ҳамчунин беҳтарин куштигир, беҳтарин усул ва гаронтарин ширкаткунанда мушаххас ва ҷавоизи нақдӣ ба онҳо эҳдо шуд.