Декабр 24, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти шонздаҳумин Комиссиони муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон

Шонздаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, фаннӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон 26 то 28 декабр дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Муҷтабо Акбарӣ, дабири эронии Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, фаннӣ, илмӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон дар бораи оғоз бакори шонздаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои дукишвар гуфт, ин иҷлос тавассути дабирони комиссиони муштараки ду кишвар ифтитоҳ хоҳад шуд ва оини ихтитомия, ки шомили имзо ва мубодилаи санади ҳамкорӣ аст, бо ҳузури раисони Комиссиони муштарак (вазири неруи Эрону вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон) баргузор мешавад.

Акбарӣ афзуд, аз ҷумлаи рӯйдодҳои ҷонибии шонздаҳумин комиссиони муштарак баргузории ҷаласаи чаҳорҷониба бо вазирони Эрон, Тоҷикистон, Узбекистону Туркманистон бо мавзӯи иттисоли шабакаҳои барқи кишварҳо ба якдигар аст.

Ба гуфтаи вай қарор аст, ёддошти тафоҳуме байни Муассисаи таҳқиқоти об (вазорати неру), Маркази минтақаии мудирияти оби шаҳрӣ (таҳти пӯшиши ЮНЕСКО) ва Ширкати давлатии муассисаи таҳқиқоти муҳандисии обу беҳбуд (вазорати энержӣ ва захоири обии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо ҳадафи таъсиси як чорчӯб барои ҳамкориҳо байни ширкаткунандагон дар заминаи таҳқиқу мутолиа дар мавриди ҷанбаҳои мухталифи об имзо ва мубодила шавад.

 

Барчасп