Густариши равобити бародаршаҳрӣ байни Душанбеву Теҳрон баррасӣ шуд
Декабр 29, 2023 21:43 Asia/Dushanbe
-
Тавсеаи равобити бародаршаҳрии Теҳрону Душанбе
Дар дидори сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Теҳрон, густариши равобити бародаршаҳрӣ байни Душанбеву Теҳрон баррасӣ шуд.
Ба гузориши “Ховар”, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон бо Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон дидору гуфтугӯ кард.
Тарафайн дар ин дидор дар хусуси тавсеаи равобити бародаршаҳрии Душанбеву Теҳрон дар партави тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон гуфтугӯ карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июли соли 1995 протоколи бародаршаҳрии Душанбеву Теҳрон ва 12 марти соли 2001 қарордоди ҷадиди ҳамкориҳои иқтисодиву тавофуқномаи бародаршаҳрии Душанбеву Теҳрон дар Теҳрон ба имзо расидааст.
Барчасп