Январ 02, 2024 13:28 Asia/Dushanbe
  •  Пешбинии ҳавошиносони Тоҷикистон: Шабҳо сард ва дар бархе манотиқ меғ меояд

Ба гуфтаи коршиносони ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар қаламрави ин ҷумҳури тағйирёбанда ва бидуни борандагӣ хоҳад буд, аммо бархе манотиқро меғ(туман) фаро мегирад.

Бар асоси эъломи Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон дараҷаи ҳаво дар тӯли рӯз то 16 дараҷа афзоиш меёбад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар ғарби вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва бидуни борандагӣ вуҷуд дорад. Ҳаво дар ғарб дар шаб 14 дараҷа сард, дар рӯз то 7 дараҷа, дар шарқ шаб то 26 дараҷа ва дар рӯз 7 дараҷа хоҳад буд.

 Дар вилояти Суғд тағйири ҳаво бидуни борандагӣ пешбинӣ мешавад ва дар бархе манотиқ тарма резиш мекунад. Ҳавои дараҳо дар шаб то 5 дараҷа сард ва дар рӯз гарм 9 дараҷа, дар манотиқи кӯҳистонӣ дар шаб сард то 9 дараҷа ва дар рӯз то 5 дараҷа гарм хоҳад буд. Дар вилояти Хатлон ҳаво бидуни борандагӣ пешбинӣ мешавад, дар бархе манотиқ туман мешавад. Ҳаво дар дараҳо дар шаб 2 то 3 дараҷа, рӯз 16, шаб 4 то 1 дараҷа ва дар рӯз то 11 дараҷа хоҳад буд.

 

 

 

Барчасп