Январ 03, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи филилали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин

Дар Чин филилали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис меёбад.

Дар назар аст, ки филиали донишгоҳ дар яке аз шаҳрҳои Чин ва намояндагии ширкати чинии Shangdon Lingsheng International Education and Technology LTD CO дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шаванд.

Ба навиштаи сомонаи Пресса Тҷ, ин тасмим зимни вохӯрии ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо намояндагони ширкати чинӣ дар ҳайати Лю И, Чу Венлонг, Чжао Хунлянг ва Юй Янг мавриди баррасӣ қарор гирифтаааст.

Бино ба навиштаи манбаъ, “Ҳадаф аз вохӯрӣ ҳамоҳанг сохтани робита баҳри ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқони чинӣ барои таҳсил дар донишгоҳ, ташкили филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин ва ҳамчунин ҷалби донишҷӯёну кормандони донишгоҳ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин  арзёбӣ мебошад”.

Инчунин, намояндагони ширкати чинӣ бо шароити таълим ва вазъи таъминоти моддиву техникии донишгоҳ шинос шудаанд.

Барчасп