Январ 08, 2024 12:45 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони сиёсии тоҷик: Душман ба дунболи тахриби равобити Эрон ва Тоҷикистон аст
    Фаъолони сиёсии тоҷик: Душман ба дунболи тахриби равобити Эрон ва Тоҷикистон аст

Ниҳодҳои фаъоли сиёсии тоҷик, бо баёнияҳое, ҳодисаи террористӣ дар Гулзори шуҳадои Кирмонро маҳкум карданд.

Ҷамъияти ҷавонони мусалмони тоҷик ва ҷунбиши Ватандор дар баёнияҳои ҷудогонаӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо миллати Эрон иқдоми террористӣ дар масири Гулзори шуҳадои Кирмонро маҳкум карданд.

Дар бахши аз ин баёнияҳо омадааст:

Зимни маҳкум кардани ин ҳодисаи фоҷеъабор, мусибати бузурги воридаро ба Раҳбари ҳаким ва фарзона ва миллати шариф ва бо басирати Эрони исломӣ, алалхусус хонаводаҳои доғдидаи ин ҳодиса таслият арз намуда ва аз Худованди муттаъол барои шуҳадо, дараҷот ва барои маҷруҳин шафои оҷилу комил масъалат дорем.

Дар бахше аз ин баёнияҳо омадааст: Террор дар Кирмон ҳамлаи шағолон ба қароргоҳи шерон аст ва омилони ҷинояти террористии Кирмон наметавонанд Эронро ба зону бишинонанд яке аз иллатҳои такрори ин гӯна воқеаҳо, тавтиаи ҷабҳаи Ғарб алалхусус Амрико, режими саҳюнистӣ ва Инглис мебошад, ки бо  фаъолиятҳои тахрибии худ ба дунболи эҷоди як муъзали амниятӣ дар равобити ду миллат Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Ҷумҳӯрии Тоҷикистон буда ва фазои зиддӣ эронии шаддидро дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва фазоӣ зиддӣ тоҷикистониро дар Эрон эҷод кунанд.