Январ 08, 2024 14:02 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши фаъолони фарҳангии тоҷик
    Вокуниши фаъолони фарҳангии тоҷик

Ҷамъе аз шахсиятҳои иҷтимоъӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар пайи вуқӯъи иқдоми террористӣ дар шаҳри Кирмон, зимни маҳкум кардани ин амали нангин бо мардуми Эрон ибрози ҳамдарди карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷамъе аз шахсиятҳои иҷтимоъӣ, илми ва фарҳангии Тоҷикистон дар пайи вуқӯъи иқдоми террористӣ дар Гулзори шуҳадои Кирмон дар саҳифаҳои  шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ин амали нангинро маҳкум ва бо мардуми ҳамзабон ва ҳамфарҳангӣ Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд.

«Рустам Ваҳобзода» шоири саршиноси тоҷик, «Раънои Мубориз», рӯзноманигор ва шоири шинохтанаи тоҷик, «Бузургмеҳри Баҳодур» шоири ҷавони тоҷик, «Зулфиқори Исмоилиён» соҳибназари масоъили иҷтимоъӣ, «Зафари Суфӣ» рӯзноманигор ва шоир, «Бобоҷони Шафиъ» рӯзноманигор ва фаъоли фарҳангӣ, аз ҷумлаи дигар чеҳраҳои шинохта шудаи фарҳангии Тоҷикистон буданд, ки дар рӯзҳои ахир бо сурудани ашъори мухталиф ва маҳкуми ҳодисаи террормстӣ дар шаҳри Кирмони Эрон бо мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ карданд.

Ҳамчунин «Ҳамрохон Зарифӣ» ва «Шамсиддин Орумбеков» вузарои пешини хориҷа ва фарҳангии Тоҷикистон низ зимни маҳкумияти ин рӯйдоди террористӣ дар саҳифаҳои иҷтимоъии худ бо мардуми шаҳри Кирмон ибрози ҳамдарди карданд.

«Аҳмадшоҳ Комил» муҳақиқ, «Сафаргули Ҳалимиён» фаъоли маданӣ, «Комилҷони «Саидолим» устоди Донишгоҳ, «Зайниддини Ислом» фаъоли фарҳангӣ, «Марямбонӯ Фарғонӣ» нависандаи шинохтаи тоҷик, «Сайфуллоҳи Мулоҷон» муҳақиқи таърих. «Фирдавси Мадиё» фаъоли иҷтимоъӣ, аз дигар андешаманадон ва чеҳраҳои шохиси фарҳангии Тоҷикистон буданд, ки дар рӯзҳои ахир дар саҳифаҳои иҷтимоъии худ зимни маҳкумияти ин руйдоди террористӣ бо  бозмондагон изҳори ҳамдардӣ карданд ва эълом карданд: Буздилоне, ки муртакиби ин ҷинояти сангин ва ғайри инсонӣ шуданд бояд ба сазои амолашон бирасанд мо мардуми тоҷик дар ин мусибати сангин дар канори мардуми ҳамзабон ва ҳамфарҳангӣ Эрони азиз ҳастем.