Урдуи тими обҳои ороми Тоҷикистон дар дарёчаи озодӣ
Тими обҳои ороми Тоҷикистон дар Эрон урду баргузор мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз гуруҳи варзишии ИЛНА, пас аз тавофуқи федератсияи қоиқронии Эрон ва Тоҷикистон тими миллии обҳои ороми Тоҷикистон як урдуи як моҳа дар дарёчаи озодӣ баргузор хоҳад кард.
Ин тим бо таркиби як мураби ва 3 варзишкор тамриноти худро аз имрузи 8 январ дар дарёчаи озодӣ оғоз кард ва то як моҳ урдуи худро дар Эрон идома хоҳанд дод.
Варзишкорони обҳои ороми Тоҷикистон дар ин урду тамриноти муштараки худро бо варзишкорони Эрон анҷом хоҳанд дод ва меҳмони федератсияи қоиқронӣ Эрон ҳастанд.
Зуҳайр Набиев сармураби ва Шаҳриёр Даминов Маҳмади Раҷабов ва Абдурасули Ҳайитов варзишкорони тими Тоҷикистон дар ин урду ҳастанд.