Январ 03, 2017 10:34 Asia/Dushanbe
  • Ташкили бонки иттилооти хонаводаҳои ниёзманд дар Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз таъсиси бонки иттилооти хонаводаҳои фақири ин кишвар барои дарёфти кӯмакҳои молӣ хабар додаанд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Сайида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар порлумони ин кишвар таъкид кардааст, ки бо ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ солона 97 ҳазор хонавода дар 25 шаҳру ноҳияи ин кишвар таҳти пӯшиши барномаи кӯмак ба хонаводаҳои фақир қарор мегиранд.

Мизони кӯмаки солона ба ин хонаводаҳо 400 сомонӣ аст.

Ба гуфтаи Ҷамшед Каримов, мудири Маркази тарҳи кӯмак ба хонаводаҳои фақир дар Тоҷикистон дар соли 2016 ба 51 ҳазору 70 хонавода дар ҳудуди 400 сомонӣ кӯмак пардохт шудааст.

Аз сӯйи дигар беш аз 41 ҳазор хонавода бори дигар барои дарёфти кӯмаки молӣ дархост додаанд, ки номи беш аз 40 ҳазор хонавода дар бонки иттилооти афроди ниёзманд сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти ҳукуматӣ мегӯянд, 31 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар зери хатти фақр қарор доранд.

Бар асоси меъёрҳои Бонки ҷаҳонӣ афроде фақир ба ҳисоб меоянд, ки даромади рӯзонаи онон камтар аз 2 доллар бошад.

Аз ҷамъияти 8 миллионнафарии Тоҷикистон танҳо наздик ба 2 миллиону 100 ҳазор нафар дар дохили ин ҷумҳурӣ машғули кор ҳастанд, ки ин рақам фақат 24,5 дарсад аз нерӯи кории ин кишвар аст.

Ин дар ҳолест, ки беш аз 1 миллион нафар аз нерӯи кори Тоҷикистон дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунанд.

 

Барчасп