Афзоиши 60 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Олмон дар соли 2023
(last modified Sat, 13 Jan 2024 06:47:54 GMT )
Январ 13, 2024 11:47 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 60 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Олмон дар соли 2023

Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Олмон дар як соли гузашта ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфта ва ба 183 миллион доллар расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Завқӣ Завқизода-вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо Йорк Шуграф-сафири Олмон дар ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

 Тарафи Тоҷикистон дар суханоне хотирнишон кард: Душанбе барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Олмон аҳамияти зиёде медиҳад.

Гуфтнӣ аст ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Олмон сол ба сол дар ҳоли тавсеа аст. Мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар дар як соли гузашта 60 дарсад афзоиш ёфт ва ба сатҳи 183 миллион доллар расид.

 Дар чорчуби ин дидор ду тараф дар мавриди заминаҳои авлавиятдори ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ҷазби сармоягузориҳо  барои иҷрои стратегияи тавсеаи “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва проектҳои иқтисоди рақамӣ, эҷоди зарфиятҳои нави тавлиди таҷҳизоти электроникӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин иҷрои проекто барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфии балоҳои табиӣ баҳсу табодули назар карданд.

 Илова бар ин тарафҳо зимни баррасии масоили афзоиши содирот аз Тоҷикистон, омӯзиш, беҳдошт ва дармон ва гардишгарӣ дар мавриди густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ибрози омодагӣ карданд.