Январ 14, 2024 15:06 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти Вафо Назаров ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
    Даргузашти Вафо Назаров ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

Вафо Назаров ҳунарманди мардумии Тоҷикистону раиси академияи ҳунарҳои зебоӣ ин кишвар дар Душанбе дар сини 84 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин бора эълом кард, маросими хоксупории он марҳум имруз 12 январ дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бузургтарин масҷиди Тоҷикистон  баргузор ва дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд .

Вафо Назаров 6-уми майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омада буд.

Солҳои 1955 - 1960 дар Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе‎ ва солҳои 1966 - 1972 дар Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград ҳозира Санкт-Петербург таҳсил кардааст.

Вафо Назаров солҳо ба ҳайси рассом-таҳиягар дар Телевизони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Вафо Назаров узви Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО мебошад ва дорандаи унвонҳои Аълочии телевизион ва радиои Иттиҳоди Шӯравӣ,  Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982) ва Рассоми халқии Тоҷикистон ҳаст

Барчасп