Талоши Тоҷикистон ва Шветсария баргустариши равобити дуҷониба
Тоҷикистон ва Шветсария дар маврид чашмандоз рушди равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф гуфтугу карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Шараф Шерализода сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедерация Шветсария ва намояндаи доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева бо Брижит Шосут раиси идораи равобити иқтисодии дуҷонибаи дабирхонаи давлатии умури иқтисодии кишвари Шветсария дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидори тарафайн дар мавриди вазъияти мавҷуд ва чашмандоз рушди равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷорӣ ва дигар мавзуъоти мавриди алоқаи ду кишвари Тоҷикистон ва Шветсария гуфтугу ва табодул назар карданд.