Қазоқистон харидори беш аз 90 дарсади пиёзи Тоҷикистон
(last modified Wed, 17 Jan 2024 06:37:47 GMT )
Январ 17, 2024 11:37 Asia/Dushanbe
  • Содироти пиёзи Тоҷикистон ба Қазоқистон
    Содироти пиёзи Тоҷикистон ба Қазоқистон

Қазоқистон харидори аслии пиёзи зудраси Тоҷикистон аст.

Ба гузориши “Азия плюс”, тайи 7 соли гузашта Қазоқистон солона 67 то 89 дарсади пиёзи содиротӣ аз Тоҷикистонро харидорӣ кардааст. Танҳо истисно соли 2019 буд, ки ин рақам 42 дарсад буд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин вазъият бар равобити тиҷории байни Тоҷикистону Қазоқистон таъсире нахоҳад гузошт, зеро дар авоили апрел то май пиёзи Тоҷикистон дар бозори Қазоқистон мавриди тақозо хоҳад буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 беш аз 59 ҳазор тон пиёз ба арзиши 6.10 миллион доллар содир кардааст. Ин рақам 6 ҳазор тон ё 0. 7 миллион доллар камтар аз соли пеш аз он будааст.

Харидорони аслии ин маҳсул дар соли 2022 Қазоқистон (97 дарсад, 6.66 миллион доллар), Афғонистон, Русия ва Узбакистон будаанд.

 

Бештар бихонед: