Алоқамандии Русия ба сармоягузорӣ дар конҳои Тоҷикистон
Ҳайати ширкати «Полеметтал интернешнал»-и Русия дар дидор бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон алоқамандии худро барои сармоягузорӣ дар конҳои ин кишвар иброз кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саъдӣ Қодирзода-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон дар дидор бо ҳайати ширкати русӣ тараф муқобилро ба тафсил бо имконот сармоягузори ин кишвар ошно кард.
Ду тараф ҳамчунин масоили эҷоди равобити дуҷонибаи судманд дар бахши маъдан ва тиҷоратро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Дар поёни ин дидор аз намояндагони Русия барои мушорикат дар иҷрои пружаҳои сармоягузорӣ ва тиҷорӣ ва ҳамчунин эҷоди коргоҳҳои муштарак даъват шуд.