Январ 19, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Бемориҳои шадиди роҳи нафас дар Тоҷикистон зиёд шудааст
    Бемориҳои шадиди роҳи нафас дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Тоҷикистон бо густариши онфулонзо ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мувоҷеҳ аст.

Ба гузориши “Спутник”, далоили аслии густариши ин бемориҳо аз як сӯ гардиши табиии ин навъи вирус дар табиат ва аз сӯи дигар адами риояти беҳдошти фардии мардум аст.

Дар ҳоли ҳозир вируси онфулонзои фаслии H3N2 навъи A дар Тоҷикистон дар миёни ҷамъият, ба вижа дар миёни кӯдакон дар ҳоли пахш аст.

Наврӯз Ҷаъфаров, раиси Идораи эминии эпидемологӣ ва шароити изтирории Вазорати тандурустӣ дар ин бора гуфт: Густариши онфулонзо ва соири бемориҳои шадиди роҳи нафас аз ноябр ба сабт расидааст.

Ҷаъфаров таъкид кард, дар ҳоли ҳозир тамомии марокизи дармонӣ муваззаф шуданд то тамомии мавориди ибтило ба ин бемориро сабт ва дар ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ қарор диҳанд.

 

Барчасп