Шаҳрвандони Тоҷикистон; бештарин гардишгарони саломат ба Узбакистон
Дар байни шаҳрвандони хориҷе, ки барои дармон ба Узбакистон мераванд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар рутбаи аввал қарор доранд.
Бар асоси гузориши Ожонси омор Узбакистон, теъдоди тоҷикҳое, ки дар кишвари Узбакистон таҳти дармон қарор гирифтаанд, 43.2 ҳазор нафар аст. Ба таври куллӣ 61.3 ҳазор нафар дар соли 2023 барои дармон ба Узбакистон рафтаанд.
Ба ин тартиб шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 70 дарсад аз кулли хориҷиҳоеро ташкил медиҳанд, ки барои дармон ба Узбакистон сафар кардаанд. Пас аз Тоҷикистон, шаҳрвандони Қазоқистон бо (10.7 ҳазор нафар) ва Қирғизистон бо (5.5 ҳазор нафар) дар рутбаи дувум ва севум қарор доранд.
Ҳамчунин 1100 нафар аз Русия ва 600 нафар аз Туркманистон барои дармон ба Узбакистон рафтаанд. 200 нафар ҳам барои дармон аз кишварҳои дигар ба Узбакистон рафтаанд.
Бояд гуфт пас аз густариши равобити Тоҷикистон ва Узбакистон ва боз шудани марзҳо, рафту омади шаҳрвандони ду кишвар афзоиши чашмгире доштааст.
Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷорат, таҳсил ва мусофират ба Узбакистон мераванд ва ҳамчунин шаҳрвандони Узбакистон ба Тоҷикистон меоянд.Ба вежа сафари тоҷикҳо ба Ҳаҷҷи умра аз тариқи ширкатҳои давлатии Узбакистон низ афзоиш ёфтааст.
бештар бихонед:
- Рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баррасӣ шуд
-
Ҳамкории минтақаӣ меҳвари гуфтугуи телефонии раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Узбекистон