Талоши шоирони форсизабон дар ҷашнвораи байналмилалии “Шеъри Фаҷр”
Мудири бахши шеъри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфт, ҳузур дар ҷашнвораи байналмилалии “Шеъри Фаҷр” мояи ифтихори ҳар шоире аст.
Ба гузориши “Хабар онлайн”, Толиби Луқмон гуфт, ҷашнвораи байналмилалии “Шеъри Фаҷр” аз бонуфузтарин ҷашнвораҳои адабӣ аст ва ҳузуру иштирок дар он мояи ифтихори ҳар шоире аст.
Толиби Луқмон дар бораи иттисоли маҷомеи адабии Тоҷикистону Эрон ва таъсири он бар ояндаи шеъри форсӣ низ ишора кард: Пайванду иттисоли маҷомеи адабии тоҷикистониҳову эрониҳо, ки решаашон аз як сарчашма об мехӯрад, бетардид боиси ғаномандӣ ва танаввуи дилпазирии забону адаби муштараки мо хоҳад буд. Бо истифода аз осори якдигар метавонем адабиётамонро пурбортар кунем. Тоҷикистон чун дар ибтидо хостгоҳи забони форсӣ будааст ва падари шеъри форсӣ устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аз ин сарзамин бархестааст, дар воқеъ ганҷинаи нодири вожаҳо ва таркибҳову таобири асили форсӣ аст, ки ба сурати комил дар забони мардумаш ҳифз шудааст ва фикр мекунам баҳраварӣ аз ин ганҷинаву қомуси зинда ба суди тамоми форсизабонон хоҳад буд.
Мудири бахши шеъри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон изофа кард, ҷашнвораи байналмилалии “Шеъри Фаҷр” аз бонуфузтарин ҷашнвораҳои адабӣ аст ва ҳузуру иштирок дар он мояи ифтихори ҳар шоире аст. Хуб аст, ки дар ин ҷашнвора шоирони форсизабони дигар кишварҳо низ ширкат меварзанд ва ин танаввуъ ва гуногунрангӣ ҷашнвораи мазкурро шукуҳи бештар мебахшад. Мояи шодмонист, ки дар ин ҷашнвора шоирони тоҷик низ иштирок мекунанду ашъори худро дар ҷамъи фарҳехтагони олами адаб арза медоранд. Фаротар аз марзи кишвари худ рафтан, адабу ҳунари кишвари худро муаррифӣ кардан ва табодули таҷриба кардан ҳамеша пурсамар ва пурманфиат аст. Ду соли пеш аз Тоҷикистон шоиру мунтақиди маъруфи тоҷик Аскар Ҳаким дар ҷашнвораи “Шеъри Фаҷр” баранда шуд, ки боиси сарфарозии мост. Шеъри форсӣ чун шаҳболи бузурге пайванду робитаи моро муҳкамтар хоҳад кард.