Январ 22, 2024 09:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси машваратии Шӯрои давлатии Қатар
    Дидори раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси машваратии Шӯрои давлатии Қатар

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳӯри Тоҷикистон бо Ҳассан Бин Абдуллоҳ Ал-Ғаним раиси Маҷлиси машваратии Шӯрои давлатии Қатар дидор кард

Ба гузориши Спутник,  тарафайн дар ин дидор перомуни густариши равобити байни порлумонии ду кишвар ва  эҷоди бастари ҳуқуқӣ барои равобити байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баҳсу табодул назар карданд .

Ҳамчунин абъоди дигари ҳамкории байни давлатҳо аз ҷумла густариши равобити иқтисодӣ ва  тиҷорӣ,  ҷазби сармоягузории Қатар ва мушорикати ширкатҳои давлатӣ ва  хусӯсии қатарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Онҳо дар мавриди тақвияти равобит дар заминаҳои инсонӣ ва  фарҳангӣ гуфтугӯ карданд .

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раиси Анҷумани корофаринони Қатар ва  раиси ҳайати мудираи гурӯҳи ширкатҳои Ҳолдинг ва Файсал ، Шайх Файсал бин Қисм Оли Сонӣ дидор кард.

Дар ин дидор тарафайн дар хусӯси истифода аз фурсатҳоу зарфиятҳои Тоҷикистон дар ҳавзаҳои санъат, маъдан ва  фароварии маводи маъданӣ, ҷодаҳои транзитӣ ва  бахши гардишгарӣ табодули назар карданд .

Бештар бихонед: