Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Қатар бар густариши равобит
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i111018-Таъкиди_мақомоти_Тоҷикистон_ва_Қатар_бар_густариши_равобит
Дар шаҳри Давҳа мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Январ 17, 2024 20:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Қатар бар густариши равобит

Дар шаҳри Давҳа мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи «Ховар»,зимни суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориҳо баррасӣ шуданд.

Дар бахши дигари ин дидор дар мавриди соири мавзуот баҳсу табодули назар карданд.