Гуфтугӯи сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии моликияти фикрӣ
(last modified Wed, 24 Jan 2024 04:41:29 GMT )
Январ 24, 2024 09:41 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии моликияти фикрӣ

Сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо мудири кулли Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) дидору гуфтугӯ кард.

Шараф Шерализода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева бо Дарен Танг, мудири кулли Созмони ҷаҳонии моликияти фикрӣ (WIPO) дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши «Ховар», зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, лоиҳаҳои барои соли 2024 пешбинишуда, инчунин ҳамкории зич бо гузориш оид ба  Шохиси глобалии инноватсионии WIPO матраҳ шуданд.

Тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ барои давраҳои оянда зарур шуморида шуд.