Январ 24, 2024 11:16 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон шигифтисози Ҷоми миллатҳо/ табрики сафири Эрон дар пайи роҳёбии тими миллии футболи Тоҷикистон  ба плей-офф

Сафири Эрон дар Душанбе пирӯзии тими миллии футболи Тоҷикистон ва роҳёбӣ ба марҳалаи ба плей-оффи Ҷоми миллатҳои Осиёро табрик гуфт.

Ба гузориши Форс, Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе пирӯзии тими миллии футболи Тоҷикистон  ва роҳёбӣ ба марҳалаи ба плей-оффи Ҷоми миллатҳои Осиёро табрик гуфт.

Дар паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин маврид омадааст: Пирӯзии таҳсинбарангези тими миллии футболи кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон, Тоҷикистонро ба мардуми азизу шарифи ин кишвар табрик ва шодбош мегӯям.

Шоёни зикр аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон дар дидори поёнии марҳалаи гурӯҳӣ, ки шаби гузашта дар Давҳа баргузор шуд, бо натиҷаи 2 бар 1 Лубнонро шикаст дод ва барои аввалин бор ба плей-оффи Ҷоми миллатҳои Осиё роҳ ёфт.

Бар асоси ҷадвали мусобиқот, ҳарифи баъдии тими миллии футболи Тоҷикистон метавонад ё тими миллии Эрон, ё Иморот ва ё Фаластин бошад.

Даври сеюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Осиё 25 январ ба поён мерасад.

Шоён зикр аст, ки ин мусобиқот аз 12 январ то 10 феврал баргузор мешавад.

 

Барчасп