Январ 24, 2024 11:59 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти раванди сохтмони нерӯгоҳи «Себзор» дар Тоҷикистон

Масаълаи тақвияти раванди сохтмони нерӯгоҳи «Себзор» бо мушорикати шарикони тавсеа мавриди баҳс қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор сохтмони НБО-и «Себзор», ки бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа бунёд мешавад, инчунин мушкилоти мавҷуда дар кор ва роҳҳои ҳалли онҳо, дар муҳлати пешбинишуда, дар доираи буҷет ва мувофиқ ба стандартҳои муосир ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ баррасӣ шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки неругоҳи барқи обии «Себзор» яке аз лоиҳаҳои асосие ба шумор меравад, ки таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Вазири энергетика ва захираҳои об ширкати «Помир Энерҷӣ» -ро даъват намуд, ки дар якҷоягӣ бо мушовири лоиҳа –ширкати «Фихтнер» ва пудратчии корҳои сохтмонӣ – ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар доираи муҳлати пешниҳодгардида аз фурсат самаранок истифода бурда, бо назардошти мушкилоти эҳтимолӣ корҳоро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд.

Дар ҷаласаи мавзӯи такмили ҳарчӣ сареътари сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор», ки аз аҳаммияти минтақаӣ, бархӯрдор аст ва нақши басазое дар содироти барқи мозод ифо мекунад ва тазмини амнияти энержӣ, мавриди таъкиди вижа қарор гирифт.

 

Барчасп