Январ 25, 2024 18:39 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири хориҷаи Қазоқистон ба Душанбе

Мурат Нуртлеу-вазири умури хориҷаи Қазоқистон барои як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, вай дар чорчуби ин сафар бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Мурат Нуртлеу дар фурудгоҳи байналамиллалии Душанбе бо Фаррух Шарифзода-муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҷамъе дигар аз мақомот дидор кард.

 Барномаи боздиди шомили музокироти байни Нуртлеу ва ҳамтои тоҷикистонӣ ва дидор бо намояндагони ширкатҳои пешрави Тоҷикистон аст.

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ҳамчунин тоҷҳои гулиро бар пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ ва бинои ёдбуди сулҳбонони қазоқ дар Тоҷикистон дар бустони ба номи Фирдавсӣ хоҳад гузошт.

 

 

Барчасп