Январ 31, 2024 11:55 Asia/Dushanbe
  • Вазири ҷадиди фарҳанги Тоҷикистон мансуб шуд  

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои аҳкоме теъдоде аз мақомоти ин кишварро барканор ва афроди ҷадидеро барои он симатҳо мансуб кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси ҳукми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода баъд аз 3 соли фаъолият аз мақоми вазири фарҳанги ин кишвар барканор (ба далели интиқол ба мақоми дигар) ва Матлубахон Сатториён ба ин мақом таъйин шуд.

Сатториён аз ноябр 2020 то таъйин шудан ба унвони вазири ҷадиди фарҳанги Тоҷикистон, муовинати нахуствазири ин кишварро бар ӯҳда дошт.

Вазири ҷадиди фарҳанги Тоҷикистон мутаваллид соли 1972 дар минтақаи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М.Кировро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар соли 1994 хатм кардааст.

Вай дар солҳои мухталиф ба унвони устоди донишгоҳ, раиси Кумитаи умури занони Суғд, шаҳрдори шаҳрҳои «Истиқлол» ва «Гулистон», раиси Кумитаи иҷроии Ҳизби халқӣ демократӣ дар Суғд ва муовини нахуствазири Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.

Бинобар аҳкоми дигари Эмомалӣ Раҳмон, Раҳимзода Султон ба унвони раиси ҷадиди Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ, Зафар Самад, мудири Ожонси контроли маводи мухаддир, Салимзода Амонулло, раиси Академияи улумикишоварзӣ, Файзуддинзода Бунафша, раиси Кумитаи кор бо занон ва хонаводаи Тоҷикистон таъйин шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп