Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Русия ба Тоҷикистон
(last modified Fri, 02 Feb 2024 16:07:45 GMT )
Феврал 02, 2024 21:07 Asia/Dushanbe
  • Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, бар асоси барнома, Русия 300 ҳазор тон донаҳои равғанӣ ба Тоҷикистон ворид мекунад.

Ба гузориши “Ховар”, Қурбон Ҳакимзода афзуд, бар асоси санади имзошуда байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Русия барои солҳои 2024 - 2026, дар соли 2024 Русия 50 ҳазор тон донаҳои равғанӣ ба Тоҷикистон ворид мекунад.

Қурбон Ҳакимзода бо эъломи ин матлаб дар як нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси ин санад, тарафайн бар содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия ва аз Русия ворид намудани мошинолоти кишоварзӣ, нуриҳои минераливу базр ва 300 ҳазор тон маҳсулоти равғанӣ ба тавофуқ расиданд.

Дар ин нишасти хабарӣ гуфта шуд, дар ҳоли ҳозир кор бар рӯи воридоти 50 ҳазор тон базр дар марҳалаи аввал идома дораду пешбинӣ мешавад, дар моҳи феврал вориди Тоҷикистон шавад.