Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон: Ба тими миллиямон ифтихор мекунем
-
Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон: Ба тими миллиямон ифтихор мекунем
Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистони амалкарди тими миллии кишвараш дар Ҷоми миллатҳои Осиё 2023-ро ифтихоромез тавсиф кард.
Тими миллии футболи Тоҷикистон бо шикасти як бар сифр баробари Урдун аз расидан ба марҳалаи нимаи ниҳои Ҷоми миллатҳои Осиё бозмонд бо ин ҳол ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон аз амалкарди тими миллии кишварашон дар ин мусобиқот бисёр хурсанд ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории РИА Новсти Алишер Урунов раиси Федератсияи футбол Тоҷикистон гуфт: Тамоми ҷомеъаи футболии Тоҷикистон ва мардум аз амалкарди муваффақиятомези тими миллии кишварашон дар Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 ризояти комил доранд. Ин мавзу фақат ба натиҷа марбут намешавад ва акнун мо тими дорем ки метавонем ба он ифтихор кунем .
Ҳатто касоне ки ба футболи алоқаи надоштанд тавваҷуҳи худро дар рузҳои гузашта ба натоиҷи тими миллии Тоҷикистон маътуф карданд.
Алоқа ба футбол пас аз чунин мусобиқот бештар мешавад ва ин метавонад ангеза барои пешрафт бештар бошад.